6 Март 2022 - 14:02
Искони теъдоде аз шаҳрвандони тоҷики хориҷшуда аз Украина дар маркази тиҷории Полша

Теъдоде аз шаҳрвандони тоҷики хориҷшуда аз Украина дар маркази тиҷории Полша(Лаҳистон) искон ёфтанд .

ABNA24 – Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топтҷ, гуфта мешавад теъдоди ин афрод ҳудуди 200 нафар аст, ки дар миёни онон кудакон низ ҳастанд .

Бештари онон дар Украина кору таҳсил мекарданд, ки ба далели ташдиди даргириҳо худро ба Полша расонданд .
Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълом карданд аз 4 ҳазор нафар атбоъи ин кишвар дар Украина то кунун 900 тан хориҷ шудаанд .

Мақомоти Вазорати хориҷа ва сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар Полша, Молдова ва Руминия дар ҳоли хурӯҷи ин афрод аз Украина ҳастанд .

342/